Ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин маврид аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Бо қарори Раиси шаҳри Истаравшан “Дар бораи сарфароз гардонидани олимони маъруф бо унвони баландтарини шаҳрдорӣ ба хотири хизматҳои арзандаашон дар рушди илму маориф, тақвияти иқтидори кадрии мамлакат ва саҳми назаррас дар корҳои бунёдкорию созандагӣ” академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода, Улмас Мирсаидов ва соҳибкори муваффақ Абдуҳамид Муъминов бо унвони “Фарзанди фахрии шаҳри Истаравшан” қадрдонӣ гардиданд.
Гуфта шуд, ки фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятии академикон на танҳо обрӯ ва эътибори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, балки мақоми шаҳри бостонии Истаравшанро низ боло бурдааст. Маркази дастгирии оила ва кӯдаки «Фарзанди Ватан» ва Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан, ки бо ташаббус ва маблағгузории шахсии онҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст, имрӯз ба садҳо кӯдакони ятиму бепарастор ва дорои имконияти маҳдуд шароити муносиб барои зиндагӣ, таълим ва табобат фароҳам овардааст.
Академикҳо Улмас Мирсаидов ва Маҳкам Маҳмудзода дар хусуси Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастовардҳои арзандаи соҳаи илм ёдовар шуда, иброз доштанд, ки шароит ва имконияти арзандае, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ фароҳам гардид, ба рушду пешрафти илми тоҷик такони тоза бахшид.

Истаравшан олимонашро қадрдонӣ менамояд
Блоки рекламавӣ