19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсолии обҳои шифобахши «Ҳавотоғ”»-ро, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи Осоишгоҳи Ҳавотоғ бунёд ёфтааст, бо таъсиси 20 ҷойи кории нав ба истифода доданд.
Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мухтор Юнусов бунёд ёфтааст.
Корхона имконият дорад дар марҳилаи аввал дар як рӯз 20 000 литр оби шифобахш истеҳсол намояд.
Технологияи корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудааст ва маҳсулот дар ин ҷо дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ ва аврупоӣ истеҳсол мешавад. Оби шифобахш дар зарфҳои пластикии 0,5, 1 ва 1,5 литра истеҳсол ва ба фурӯш пешниҳод карда мешавад.
Оби шифобахши «Ҳавотоғ» аз умқи 1 580 метр бо ҳарорати табиии 55 дараҷа гармӣ, бе кӯмаки техникаи обкашӣ ба берун баромада, барои истеҳсол дастрас мегардад. Дар таркиби ин об моддаҳои нодири маъданӣ мавҷуд буда, ба он хосиятҳои нодири табобатӣ мебахшанд.
Оби шифобахш барои табобат ва пешгирии бемориҳои гуногуни меъдаву рӯда, ҷигар, гурда, буғум ва бемориҳои пӯст васеъ истифода мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь