19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии №1-и шаҳри Истаравшан корхонаи мебели Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асри обод” – ро бо 8 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода доданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкор Қодир Юсуфзода ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 0,34 гектар замин бунёд шудааст.
Ҳоло дар корхона зиёда аз 50 мутахассиси маҳаллӣ, ки 60 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳад, бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар корхонаи “Асри обод” зиёда аз 30 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот, аз ҷумла мизу курсиҳо барои ташкилоту муассисаҳо, тарабхона, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангу тандурустӣ, ашёи рӯзгор ва ғайра истеҳсол карда мешавад.
Мувофиқи дурнамо то соли 2027 номгӯи маҳсулот то ба 40 ва шумораи кормандон ба 70 кас расонида мешавад.
Ҳоло дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, маҷмуи маҳсулоти ин соҳа дар панҷ соли охир ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 10 моҳи соли 2025 истеҳсоли мебел дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% афзуда, воридоти он ба ҳамин андоза кам шудааст.

Истаравшан: Корхонаи мебели ҶДММ «Асри обод» ба истифода дода шуд
Блоки рекламавӣ


