“Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан ба муносибати соли нави хониш бинои иловагии таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдакон ба истифода дода шуд” – хабар доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан,Маркази инкишофи барвақтии кӯдак барои 60 кӯдак дар ду баст, маҷлисгоҳ барои 120 нафар, китобхона ва ошхона дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 бо дастгирии кумитаи падару модарон ва соҳибкорон бо харҷи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68-и деҳаи Зартеппаи шаҳри Истаравшан бошад, чор синфхонаи иловагӣ барои 200 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд. Синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь