Аз 4 то 12 сентябр дар соҳили Иссиқкӯл таҳти шиори «Осиё – минтақаи иттиҳод ва сулҳ» Бозиҳои XXIV байналмилалии варзишии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешаванд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар доданд. Ёдовар мешавем, ки ин мусобиқаҳои оммавӣ соли 2001 оғоз гардида буд. Дар он замон дар онҳо ҳамагӣ 80 варзишгар иштирок карданд. Ҳоло дар мусобиқаҳо зиёда аз 3000 нафар варзишгарон бояд ширкат кунанд. Бозиҳо бузургтарин чорабинии мунтазами варзишӣ дар Осиёи Марказӣ гардидаанд.
Ба барномаи Бозиҳо мусобиқаҳо ҳам аз рӯи намуди варзиши анъанавӣ ва ҳам миллӣ дохил карда шудаанд.
Дар ин мусобиқаҳо дӯстдорони варзиш аз бисёр шаҳру вилоятҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Беларус иштирок мекунанд. Варзишгарон аз Чин, Ҳиндустон ва Муғулистон иштирокчиёни доимӣ ҳастанд.
Бозиҳои байналмилалии Иссиқкӯл ба таври анъанавӣ таҳти сарпарастӣ ва кумаки молии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор хоҳанд шуд.

Иссиқкӯл: Бозиҳои XXIV байналмилалии варзишӣ баргузор мегарданд
Блоки рекламавӣ


