Ин нишонаи дигаре аз густариши доманаи ҷанге аст, ки аз 22 моҳ ба ин тараф идома дорад. Пеш аз ин Нетаняҳу гуфта буд, ки барои аз байн бурдани гурӯҳи “Ҳамос”, ниёз аст то Исроил ҳамаи Ғаззаро тасарруф кунад ва идораи онро ба “нерӯҳои дӯст” аз ҳисоби арабҳо супорад.

Гурӯҳи “Ҳамос” дар вокуниш гуфтааст, ки Нетаняҳу барои манфиатҳои шахсии худ, гаравгонҳоро “қурбонӣ” хоҳад кард. Хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” гузориш додааст, ки ишғоли комили Ғазза мумкин аст боиси кушта шудани шумори зиёди фаластиниҳо шавад.

Ин тасмим сарнавишти гаравгонҳои исроилиро, ки дар асорати “Ҳамос” ҳастанд, ба хатар меандозад. Ҷанги навбатӣ миёни Исроил ва фаластиниҳо рӯзи ҳафтуми октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи “Ҳамос” ба Исроил, оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва 250 тани дигар ба гаравгон шуданд. Дар ҳамлаҳои Исроил дар 22 моҳи гузашта, беш аз 61 ҳазор фаластинӣ ҷон дода, даҳҳо ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд. Аксари кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ, занон ва кӯдакон ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь