Исроил рӯзи ҳаштуми апрел ба шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон ва даҳҳо макони дигар дар саросари ин кишвар ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Ин шадидтарин ҳамла ба Бейрут пас аз оғози ҷанги “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳисоб мешавад.
Тибқи маълумоти расмии ҷониби Лубнон, дар ин ҳамлаҳо даҳҳо нафар кушта ва беш аз ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд.
Созмони дифои мадании Лубнон эълон кард, ки дар умум 254 нафар дар саросари Лубнон кушта ва беш аз 1100 нафар захмӣ гардиданд. Аз ҷумла, беш аз 91 тан дар Бейрут ҳалок шудаанд. Вазорати тандурустии Лубнон омори кушташудаҳо дар саросари кишварро 182 нафар эълон намуд.
Исроил ҳамчунин минтақаи ҷануби Бейрут ва ҷануби Лубнон, ҷойеро, ки “Ҳизбуллоҳ” нуфуз дорад, ҳадаф қарор дод.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил пеш аз ин зимни ҳимояти оташбас миёни Вашингтон ва Теҳрон гуфт, ин оташбас, ки бомдоди чаҳоршанбе оғоз шуд, шомили ҷанги кишвараш бо “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон намешавад.
Исроил Катс, вазири дифои Исроил чанд соат баъд эълон кард, ки артиши ин кишвар як ҳамлаи ғофилгиронаро бо ҳадаф қарор додани садҳо узви “Ҳизбуллоҳ” дар саросари Лубнон анҷом дод.
Аз сӯи дигар, мақомҳои эронӣ ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон “нақзи оташбас” дониста ва нисбат ба идомаи он ҳушдор доданд.
Содиқ Лориҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, таҳдид кард, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои Исроил ба “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, ба он “посухи қотеъ” хоҳанд дод.
Сипоҳи посдорони Эрон низ дар баёнияе ҳушдор дод, ки дар сурати қатъ нашудани ҳамлаҳои Исроил, “посухи пушаймонкунанда” дар интизор хоҳад буд.
Аббос Аракчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид кард, ки Амрико бояд миёни ҳифзи оташбас ё “идомаи ҷанг аз тариқи Исроил”, якеро интихоб кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь