Шаби 13-уми июн Исроил ба хоки Эрон «ҳамлаи пешгирона» анҷом дод ва ҳамчунин дар интизори ҳамлаҳои ҷавобии Теҳрон вазъи изтирорӣ эълон кард.

Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар як паёми видеоӣ гуфт: “Мо ба маркази барномаи ҳастаии Эрон зарба задем. Мо таъсисоти аслии ғанисозии ураниум дар Натанзро ҳадаф қарор додаем. Мо ҳамчунин ба маркази барномаи мушакҳои баллистикии Эрон зарба задем”.

Нетаняҳу гуфт, ки амалиёт “барои аз байн бурдани таҳдиди Эрон то чанд рӯзе лозим аст” идома хоҳад ёфт.

Исроил Катз, вазири дифои Исроил, зимни эъломи оғози амалиёт гуфт, ки дар ин кишвар “вазъияти вижаи изтирорӣ” эълон шудааст ва ба зудӣ ҳамлаи ҷавобии Эрон дар назар аст.

Матбуоти давлатии Эрон хабар медиҳад, ки Исроил ба манотиқи аҳолинишини Теҳрон ва дигар шаҳрҳо ҳамла кардааст. Дар ин ҳамлаҳо фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Ҳусейн Саломӣ кушта шуд ва ҳамчунин гумон меравад, ки раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммад Боқирӣ низ дар ин ҳамлаҳо кушта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь