Ӯзбекистон ва Қазоқистон зарбаҳои Исроилро ба Қатар маҳкум карданд
ВКХ ҶӮ: Ӯзбекистон пайваста зидди ҳама гуна шаклҳои истифодаи қувва дар муносибатҳои байналмилалӣ ва қадамҳое, ки вазъияти аллакай мураккаби Шарқи Наздикро бадтар мекунанд, баромад мекунад.
“Ҷумҳурии Ӯзбекистон зарбаҳои Исроилро ба маҳаллаи истиқоматии шаҳри Доха маҳкум карда, онро ҳамчунин вайрон кардани соҳибихтиёрӣ, таҷовуз ба шикастнопазирии марзҳо ва амнияти Давлати Қатар арзебӣ мекунад”, – гуфта мешавад дар хабар.
ВАЗОРАТИ Корҳои хориҷӣ таъкид кардааст, ки “чунин амалҳо ғайри қобили қабул буда, беэътиноии ҷиддӣ ба Оинномаи СММ, инчунин меъёрҳо ва принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалиро ташкил медиҳанд”. Вазорати умури хориҷаи Қатар рӯзи гузашта хабар дода буд, ки Исроил ба хонаҳои истиқоматии Доха, ки дар он ҷо чанд аъзои бюрои сиёсии Ҳамас зиндагӣ мекарданд, зарба задааст. Давлати яҳудӣ тақрибан 15 ҳавопайморо барои зарба задан истифода бурд ва зиёда аз даҳ бомбаро ба як ҳадаф дар Доха партофт.
Ҳамос дар бораи марги шаш нафар, аз ҷумла писари раҳбари ҳаракати Фаластинии Ғазза Ҳумом ал-Ҳайю хабар дод. Ҳамчунин дар байни қурбониёни ҳамла корманди қисми махсуси амнияти дохилии Қатар, дар вазорати корҳои дохилии кишвар мушаххас карда шуд.
Тел-Авив ҳангоми гуфтушунидҳо ба ҳайати онҳо зарба зад. Яке аз роҳбарони ҳаракат ба шабакаи Телевизионии Al Jazeera хабар дод, ки ҳамла ҳангоми муҳокимаи пешниҳоди президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи оташбас дар Ғазза рух додааст.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар амалҳои Тел-Авивро танқид кард. Мақомот таъкид карданд, ки Исроил ҳангоми зарба ба манзилҳои истиқоматӣ ҷони шаҳрвандони Аморат ва сокинони хориҷиро зери хатар гузошт. Вазорат илова кард, ки Қатар ба чунин иқдомҳои даҳатафканонаиТел-Авив, ки амнияти кишвар ва минтақаро халалдор мекунанд, ва ба истиқлолияти Аморат таҳдид менамояд, тоқат намекунад.
“Узбекистон пайваста ба ҳама гуна шаклҳои истифодаи қувва дар муносибатҳои байналмилалӣ ва қадамҳое, ки вазъияти аллакай мураккаби Ховари Миенаро бадтар мекунанд, мухолифат мекунад”, – гуфта мешавад дар хабар.
Имрӯз ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ дар робита ба зарбаҳои Исроил ба Қатар баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь