Экспертиза муайян кард, ки яке аз ҷасадҳои кушташудагон, ки аз ҷониби “ҲАМОС” дар доираи бозгашти гаравгонҳои исроилӣ интиқол дода шудааст, ба ҳеҷ кадоме аз онҳое, ки дар асирӣ мондаанд, тааллуқ надорад, – гуфтанд дар Артиши мудофиаи Исроил. Экспертиза дар институти миллии тиббӣ – судӣ гузаронида шуд, ки дар он чор ҷасади гаравгонҳои кушташуда, ки дирӯз аз ҷониби террористон интиқол дода шуда буданд, оварда шуданд. Сеи ҷасади дигар аллакай шинохта шудаанд: Сержанти ҳаждаҳсолаи Артиш Тамир Нимроди, Уриел Барухи 35-сола ва Эйтан Левии 53-сола.
Тибқи созишнома бо Исроил, “ҲАМОС” бояд ҷасади ҳамаи гаравгонҳои исроилиро баргардонад. 20 нафар рӯзи 13 сентябр ба хона баргаштанд. 28 гаравгони дигар, ки дар асирӣ мондаанд, кушта шудаанд. Дар давоми ду рӯз “ҲАМОС” ҷасади ҳафт нафарро супоридааст.
Сардори Ситоди Генералии артиши мудофиаи Исроил Эял Замир изҳор дошт, ки низомиён “то он даме, ки ҳамаи гаравгонҳоро баргардонанд, ором нахоҳанд шуд”. “Ин вазифаи ахлоқӣ, миллӣ ва яҳудии мост” гуфт ӯ.

Исроил: Ҷасади яке аз гаравгонҳо ҷасади дигар кас аст
Блоки рекламавӣ


