Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Бохтар дар асоси фармони Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк” аз 1-уми феврали соли 2024, ба вазифаи мудири Маркази хизматрасонии Бонкии № 260 ҶСП “Спитамен Бонк” дар шаҳри Бохтар таъин шуда, то ин ҷониб кор ва фаъолият кардааст.
Дар давраи фаъолияти кориаш гумонбаршаванда аз моҳи феврали соли 2024 то 30-юми декабри соли 2025, аз ҳисоби маблағҳои терминали худкори пардохтӣ, маблағи пулӣ ба миқдори 1 миллиону 386 ҳазору 997 сомониро тасарруф намуда, онро ба манфиати шахсии худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Исрофкорӣ дар “Спитамен Бонк”
Блоки рекламавӣ


