Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 11 мавзеи сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба рушди соҳаи сайёҳии шаҳр мусоидат хоҳад кард.

Баҳри роҳнамоӣ ва беҳтар намудани сайру сайёҳат барои сайёҳон дар даромадгоҳи шаҳр харитаи сайёҳӣ насб карда шуда, ҳамзамон дар ҳар як хатсайр насби чунин харитаҳои сайёҳӣ вобаста ба хатсайрҳо дар назар аст. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода иттилоъ дод.

Дар ин давра ширкати сайёҳии «Шумон-Тур» хатсайрҳои мавсимии «Темурдара», «Искандаркӯл», «Ромит», “Варзоб”, “Чилучорчашма”, “Ҳисори Зарнисор”, “Изи динозавр”, “Норак-Данғара”, “Сафед-дара”, Самарқанду Бухоро”, “Туркия”, “Арабистони Саудӣ”, “Миср”-ро ташкил намудааст.

Ҳамзамон 13130 сайёҳи дохилию хориҷӣ дар ин давра ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дидан кардаанд.

Саодати Абдукарим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь