Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони пули мошингузар бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ моҳи июли соли равон оғоз гардида, бо маблағи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд гардид.
Аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба фаъолон, сокинону соҳибкорони ҷамоат барои бунёди иншооти муҳими ҷашнӣ изҳори сипос карда шуда, Сипоснома тақдим гардид.
Пули мошингузари қаблӣ болотар аз ин мавзеъ сохта шуда буд. Он бар асари боронҳои сел тез-тез фурӯ рафта, барои сокинону меҳмонони ин мавзеъ мушкилиҳои зиёд пеш меовард. Хушбахтона, бо бунёди пули нав мушкилии сокинон пурра бартараф шуда, минбаъд дар ҳама фаслҳои сол рафтуомади сокинон таъмин мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь