Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор мусобиқаи дуюми «CAFA Nations Cup» таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оғоз мегардад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон мубориза мебаранд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар як давр доир мегарданд.
Қабл аз мусобиқа дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Федератсияи футболи Тоҷикистон, масъулони мусобиқа ва менеҷерони тимҳои миллии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон ҷаласа доир гардид.
Маросими ифтитоҳи мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь