Ҳодисаи ҳамлаи сагони дайду ба кӯдакон бегоҳи рӯзи ҷумъа, 5 сентябр рух дод. Илҳом Қараев, сардухтури беморхонаи ин шаҳр дар як тамоси телефонӣ ба Радиои “Озодӣ” ҳодисаро тасдиқ кардааст ва гуфтааст, аксари кӯдакон аз рӯй ва даст зарар дидаанд. Беморон ҳама дар як рӯз муроҷиат кардаанд.
Ҳоло ба гуфтаи вай шаш нафар дар беморхона бистариянд ва ба дигарон пас аз гирифтани эм ё ваксина ҷавоб дода шудаанд.
“Рӯзи чоршанбе ҳамаашро як бори дигар аз назар мегузаронем ва ҷавоб медиҳанд. Ҳамааш Имуноглобелин гирифтаанд, чун ин кӯдакҳо аз рӯй зарар дидаанд. Аз рӯйи тақвим чӣ тавре, ки муайян шудааст, боқимондаи дорӯро ҳам мегузаронем.”
Дар аксҳое, ки корбарон фиристодаанд, чанд кӯдак ки бо сару рӯйи хуншору баста дар беморхона қарор доранд.
Ҳодисаи ҳамлаи сагҳои оворагард ба одамон дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт мушоҳида мешавад. Чанд сол инҷониб дар кишвар безараргардонӣ ё куштори сагҳои дайду идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь