Ба иттилои масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз ҳисоби фаъолияти комиссияи масъулият дар бораи таълиму тарбияи кӯдак, дар ин давра барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд нисбати 63 падару модар санад тартиб дода шудааст.

Дар робита ба ин, нисбати 39 кас ба маблағи 16426 сомонӣ ҷарима таъйин шуда, нисбати 13 нафар мавод дар суди шаҳри Ҳисор мавриди баррасӣ қарор дорад.

Инчунин, шумораи ҷавонони шомилшуда ба ҳизбҳои экстремистию терористӣ 60 нафарро ташкил дода, ҳолати ташвишовари он дар ҷамоати деҳоти Навобод,  Мирзо Ризо ба назар мерасад, гуфтанд дар нишасти матбуотӣ.

Саодати Абдукарим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь