Исматулло Абдуллозода, раиси пештараи Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, Аслиддин Меликзода, муовини собиқаш, Муҳриддин Давлатов, раҳбари собиқи таъминоти фурудгоҳ ва Тағоймурод Ҷӯразода, сармуҳосиби пештараи фурудгоҳ рӯзи 17-уми сентябр бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ва бо супурдани 300 миллион сомонӣ – наздики 32 миллион доллар аз боздошт раҳо шудаанд.
Як манбаъ, гуфтааст, “чораи пешгирӣ аз ҳабс дар нисбат ба онҳо тағйир кардааст, вале парвандаашон қатъ нашудааст ва онҳо ваъда додаанд, ки беш аз 700 миллион сомонии дигар (наздики 74 миллион доллар)-ро мепардозанд”.
Ӯ гуфт, онҳо 4 моҳу 17 шабонарӯз дар боздошт буданд.
Сулаймон Султонзода, раҳбари Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нишасти хабарии нимсола гуфта буд,”Абдуллозода ва чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, баробар ба сад миллион доллар муттаҳам шудаанд.
Аз ин ҳисоб, 961 миллион сомонӣ ба худи Исматулло Абдуллозода рост меояд.
Ин кор тавассути истифодаи ширкатҳои якрӯза, нақдикунонӣ ва тасарруфи маблағҳои Фурудгоҳ бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводи зарурӣ сурат гирифтааст,” – шарҳ дода буд Сулаймон Султонзода.
Ба иттилои расмӣ, алайҳи ин нафарон бо ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” (аз пардохти ҷарима то шаш сол зиндон) ва “сохтакории такрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон” (аз панҷ то ҳафт сол зиндон) айбнома эълон шудааст.
То 8 август, ба гуфтаи Сулаймон Султонзода, “аз пулҳои тасарруфшуда 281 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат баргардонда шуда, ҷиҳати барқарории пулҳои боқимонда чораҳои зарурӣ гузаронда истодаанд.”

Исматулло Абдуллозода ва ҳамкоронаш аз ҳабс озод шуданд
Блоки рекламавӣ


