12 ноябр дар шаҳри Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Саҳир Шамшод Мирзо баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо хушнудӣ ёдовар шуда, рушди ҳамкории минбаъдаро дар асоси ин сиёсат нек арзёбӣ карданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро баррасӣ намуда, дар шароити вазъи ноустувори минтақа ва ҷаҳон боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстиву бародариро муҳим арзёбӣ карданд.
Блоки рекламавӣ



