Ҳамасола бо иштироки кормандони вазорату идораҳои давлатӣ рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар кишвар Рӯзи дави миллӣ баргузор гардида, дар доираи он мусобиқаи оммавии давидан ва велосипедронӣ доир мегардад. Имсол низ ин чорабинии варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда, теъдоди зиёди иштирокчиён бо омодагии хос дар он ширкат варзиданд.
Дар чорабинии варзишие, ки бахшида ба Рӯзи дави миллӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар баробари дигар вазорату идораҳо кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” низ фаъолона иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки кормандони “Амонатбонк”, бахусус насли ҷавон, дар баробари фаъолияти касбӣ ба варзиш ва солимии худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, мунтазам дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.
Варзиш ҳамчун омили муҳими таҳкими саломатӣ ва зебоии инсон эътироф гардида, барои машғул шудан ба он дар кишвар тамоми шароити зарурӣ муҳайё мебошад. Сол то сол майдончаҳо ва иншооти варзишӣ барои оммавӣ гардонидани тарзи ҳаёти солим мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Мутахассисони соҳаи тиб таъкид менамоянд, ки ҳангоми давидан тамоми мушакҳои асосии бадан фаъол гардида, қувваи зиёди ҷисмонӣ сарф мешавад, ки ин ба кам гардидани вазн ва мустаҳкамшавии мушакҳо мусоидат мекунад. Ҳамзамон, машғул шудан ба давидан ба таври мунтазам боиси тақвияти низоми дилу рагҳо ва роҳҳои нафас гардида, барои пешгирии бемориҳои дилу шуш нақши муҳим мебозад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь