Санаҳои 1–2-юми апрели соли 2025 ҳайати кории Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Фирдавс Зикр дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки дар шаҳри **Хайкоу**и Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, иштирок намуда, бо маърӯза баромад карданд.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти тамоми бонкҳои аъзои Иттиҳод иштирок дошта, масъалаҳои муҳими ҳамкории байнибонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳайати кории Амонатбонк дар ҳамкорӣ бо намояндагони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ масъалаҳои пешбинишудаи рӯзномаи ҷаласаро мавриди таҳлил қарор доданд.
Аз ҷумла, масъалаҳои таҳия намудани матни лоиҳаи «Баёнияи муштараки бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии СҲШ», васеъ намудани шумораи бонкҳои аъзо, афзоиши чорабиниҳо дар самти табодули таҷриба байни бонкҳо, инчунин мувофиқа намудани санаи баргузории ҷаласаи Шӯрои Иттиҳод бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳамоҳангсозон лоиҳаи «Баёнияи муштарак», инчунин протокол оид ба пазируфтани Беларусбанк ба узвияти Иттиҳод параф гардида, протоколи ҷаласа ба имзо расонида шуд.
Пас аз ба итмом расидани қисмати асосии ҷаласа, мулоқотҳои дуҷонибаи муовини раиси Раёсати Амонатбонк Ризвонзода Фирдавс Зикр бо муовини раиси Бонки давлатии рушди Хитой Вэн Вэйдун, муовини раиси Элдик Бонки Ҷумҳурии Қирғизистон Жакипова Айчурек Жакиповна ва муовини раиси Бонки миллӣ ва фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Мирдовидов Бахтиёр Қобилович баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Амонатбонк бо бонкҳои мазкур дар самтҳои табодули таҷриба ва маблағгузории савдо бо ҳадафи рушди гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Муовини раиси Раёсати Амонатбонк пешниҳодҳои бонкҳои шарикони рушдро бо хушнудӣ пазируфта, омодагии ҳамаҷонибаи Бонкро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд иброз намуданд.
Шаҳзода Дилшодзода
“Фараҳ”

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь