Санаҳои 23–25 сентябри соли 2025 дар шаҳри **Сиан**и Ҷумҳурии Халқии Хитой гурӯҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” таҳти роҳбарии директори департаменти хазинадории Бонк Сафаров Бадриддин Ҳайдарович дар кори Форуми иқтисодии Авруосиё – 2025 ва ҷаласаи молиявии Бонки давлатии рушди Хитой иштирок намуд.
Форуми мазкур бо ташаббуси Бонки давлатии рушди Хитой бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақаи Авруосиё ва давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида, дар доираи он ҷаласаи пленарӣ ва конфронси молиявӣ вобаста ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» доир шуд.
Дар рафти чорабинӣ гурӯҳи кории “Амонатбонк” бо як қатор бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), аз ҷумла Бонки давлатии рушди Хитой, Беларусбанк ва Бонки рушди Қазоқистон мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирона амалӣ намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.

Иштироки гурӯҳи кории “Амонатбонк” дар Форуми иқтисодии Авруосиё – 2025
Блоки рекламавӣ


