Дар Душанбе дафтари шеъри шоири ҷавону умедбахш Ҳусайн Ҳамид бо номи “Ишқи аблақ “ бо забони тоҷикии кирилиасос ва форсӣ аз чоп баромад.

Дафтари шеър зери назари донишманди маъруфи тоҷик Мубашшир Акбарзод нашр шуда, муаллиф онро ба ёди модараш бахшидааст. Ин маҷмуа дар қолабҳои маъмулии шеъри форсӣ- тоҷикӣ ва шеъри нав суруда шуда, мавзӯю мундариҷаи шеърҳо гуногун мебошанд.

Муаллиф дар пешгуфтори дафтари шеъраш навиштааст: “… Ин дафтар , фарогири шонздаҳ шеър аст ҳосили як давраи зиндагӣ дар ғурбат аст. Маҳсули чанд соле, ки саршор аз лаҳзаҳои хушу ғамбор буд. Маҳсули як давра зиндагии хотирамон ва таҷрибаи хуб. Зиндагие, ки ба ояндаи некаш умедвор будаму ҳастам. Далели “Ишқи аблақ” унвони гирифтани ин дафтари шеър, носозгариҳои инсон бо инсон ва тирагиҳои рӯзгори мост.Беишқӣ мӯҷиби бесуботӣ ва ғафлати башар гаштааст. Дар ин дафтари шеър талош кардам то барои фаҳми ин масоил паёме бирасонам!”

Садоқат Ширинбекова, “Фараҳ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь