Дар асоси навори ирсолнамудаи як нафар шаҳрванд, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, шаҳрвандон Ғайратзода Алиҷон, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “AION”, рақамҳои қайди давлатиаш 8659ТТ10 ва Таурова Зуҳро, сокинони шаҳри Душанбе дасгир карда шуданд.
Чуноне дар навор дида мешавад, номбурдагон дар кӯчаи С.Айнӣ, назди беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”, дар дохили воситаи нақлиёт амалҳои шаҳвонию ғайриахлоқӣ анҷом дода, дар назди шаҳрвандон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурдагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуданд.
Ба хотири нигоҳ доштани одобу ахлоқ, аз нашри навори дорои саҳнаи шаҳвонӣ, худдорӣ карда мешавад.

Ишқбозӣ дар дохили такси
Блоки рекламавӣ


