Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим санги асоси Литсейи касбии техникӣ гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд.
Литсейи касбии техникӣ дар Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим дар доираи ҳамкории мутақобили судманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Литсей аз се ошёна иборат буда, дар он бунёди синфхонаҳо, устохонаи таълимӣ-истеҳсолӣ, маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир ва хобгоҳ дар нақша аст. Литсей аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандисони ояндасоз» ба маблағи умумии 11 миллиону 042 ҳазору 823 сомонӣ дар муддати як сол сохта мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь