Дар доираи маъракаи ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки ангиштканон – Шӯроб бунёди иншооти ба шарафи ин ҷашни миллӣ бунёдшаванда ва дигар корҳои ободонӣ вусъати тоза мегиранд.
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни боздиди хеш аз шаҳраки Шӯроб бо рафти корҳои ободонӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳои ҳаётан муҳим аз наздик ошно шуда, бо сокинони шаҳрак мулоқоти самимӣ анҷом дод.
Блоки рекламавӣ



