Додгоҳи Исфараи вилояти Суғд сокини ин шаҳрро бо гуноҳи фурӯхтани адабиёти динии бидуни иҷоза зиёда аз 4 ҳазор сомонӣ, баробари беш аз чорсад доллар ҷарима баст. Хулосаи қарори додгоҳ рӯзи 10-уми ноябр нашр шуд.
Мақомот аз ӯ ном нагирифта, гуфтаанд, дар бозори марказии Исфара ба савдои адабиёте машғул буд, ки “фурӯш ва паҳн карданаш бе ҳуҷҷати расмии диншиносӣ манъ аст.”
Шерзод Аслиддинзода, муовини раиси Додгоҳи Исфара, дар хулосаи қарор гуфтааст, ҳафт китоб мусодира ва барои нигоҳдорӣ ба Кумитаи дин фиристода шуд: “Вақте адабиёти динӣ бе санҷиш… паҳн мешавад, ин эҳтимол дорад, ки ҳамвора хатарҳои идеологӣ ва экстремистӣ дар байни ҷомеа ҷой мегиранд.”
Мақомоти Тоҷикистон соли 2009 ва пас аз қабули қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, воридот ва нашру паҳни адабиёти диниро зери назорат гирифтанд. Аз он сол ба баъд бе иҷозаи мақомот ворид кардан, чоп ё фурӯхтани адабиёти динӣ бидуни санҷиш ва иҷозаи расмӣ манъ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь