Нуҳуми феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара, муҳтарам Шарифҷон Ҷумъазода, бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, сарварони корхонаю муассисаҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории маҷлиси мазкур бо эътимоди роҳбарияти шаҳр ва бо дарназардошти таҷрибаи ғанӣ, маҳорати баланди касбӣ ва хизматҳои шоиста дар рушди фарҳанги миллӣ, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил Файзидинов ба вазифаи пуршараф ва пурмасъули мудири Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таъин гардид.
ёфт.
Исроил Файзиддинов ҳамчун шахсияти барҷастаи фарҳангӣ, устоди соҳибмактаб ва ҳунарманди маҳбуби мардум маъруф аст. Аҳли фарҳанги ноҳия умедворанд, ки эшон бо таҷрибаи бой метавонанд дар таҳкими сиёсати фарҳангии давлат, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва муаррифии арзишҳои волои фарҳанги тоҷик саҳми арзанда гузоранд.

Исфара: Исроил Файзиддинов вазифа гирифт
Блоки рекламавӣ


