Исфандиёр Ғуломов (Ғуломов Исфандиёр Ҳасанович) 15 феврали 1947 ба дунё омадааст.
Гузаштагонаш дар вилояти Сиистони Эрон мезистанд ва падараш Ҳасани Ғулом тадриҷан ба сиёсат гаравид ва чун аз андешаҳову ғояҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекард, ҳамраҳи садҳо рӯшанфикрони коммунист ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад. Аз Маскав ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд.
Исфандиёр Ғуломов беш аз 80 нақш дар театр ва 50 нақш дар синамо дорад.
Дар театр нақшҳои гуногунро офаридааст, ба мисли Федор Иванович («Қатра дар баҳр»-и М. Холов), Шоҳ («Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ), Ванеев («Эътироз ҳабдаҳ»-и Ю. Лиманов), Собир («Умед»-и Ш. Солеҳов), Муллокарим («Алафҳои бегона»-и С. Сафаров), Коко («Раҳгумзада»-и М. Хаёлов) ва ғайра.
Ҳамзамон, дар синамои ватаниву хориҷ нақшофарӣ кард. Аз ҷумла, «Камина» (Туркманистон), «Ба хубӣ ҷудо мешавем», «Ғорати қатор», «Майдони найранг», «Мулоқот дар Самара» (Русия) «Гирдбод», «Нақши пойи динозавр ба куҷо бурд», «Чор нафар аз чорсанг», «Қиссаи зиндонии Павиак» (Тоҷикистон), «Дарвеши ланг» (СССР, Маҷористон, Туркия), «Тулуъ дар Ганг» (СССР, Ҳинд), «Шаби охирини Шаҳрзод», «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (СССР, Сурия), «Чашмаи гӯё», «Марзи давлатӣ. Реги сурх», «Хушнудона нигар», «Сулҳ ба хонаи шумо», «Ҷаҳиш», «Оҳангҳои баҳорӣ», «Муҳосира» (СССР) ва амсоли инҳо…
Исфандиёр Ғуломов ҳамчун чеҳраи дурахшони театру синамои тоҷик миёни ҳаводорони санъати театру синамо шинохта гардида, ӯро “Маэстро” – и театру синамо аз рӯи ихлосу эҳтиром ба шахсияташ ном мебаранд.
Имрӯз 25-уми августи соли равон Исфандиёр Ғуломов соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь