Маҳдудияте, ки қаблан дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок барои ҳаракати автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо бо мақсади эҷод накардани монеа ба гузариши дигар намуди воситаҳои нақлиёт ҷорӣ гардида буд, аз байн бардошта шуд. Дар ин хусус аз Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст.
Роҳбарияти ширкат ба маълумоти ронандагон мерасонад, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.
Блоки рекламавӣ



