Дар масири Душанбе-Чанок ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад. Дар ин маврид филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст..
Ин тасмим ба хотири баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат гирифта шудааст.
Роҳи Душанбе-Чанок 8-10 октябр дар маҷмуъ кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати тамоми намуди мошинҳо муваққатан манъ мешавад.
Дар робита ба ин филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ин ҳолатро ба назар гирифта, реҷаи сафарро вобаста ба он гиранд.
Блоки рекламавӣ



