Президенти Қирғизистон Садир Жапаров фармони ҷорӣ кардани монополияи давлатиро дар тайер кардани мутахассисони соҳаи тиб имзо кард.
Мувофиқи ин фармон, ҳуқуқи истисноии фаъолияти таълимӣ дар ин соҳа ба Академияи давлатии тиббии Қирғизистон ба номи И.К. Ахунбоев дода шудааст.
Фармон бо сабаби афзоиши босуръати шумораи Донишгоҳҳои хусусии тиббӣ ва сатҳи пасти тайерии хатмкунандагони он қабул карда шуд. Тавре дар хадамоти матбуотии Президент қайд карданд, аксари Донишгоҳҳои хусусӣ заминаи зарурии клиникӣ надоранд, ҳайати кадрҳои омӯзгорон ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ нестанд ва раванди тайёрии донишҷӯён асосан бо додани дипломи расмӣ маҳдуд мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь