Ба гуфтаи Азамат Муканов, раиси Хазинаи бимаи тиббии Қирғизистон, мувофиқи созишнома миёни панҷ кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муҳоҷирони корӣ бояд аз шароити баробари таъмини иҷтимоӣ, аз ҷумла суғуртаи тиббӣ бархӯрдор бошанд.
Аммо ҷониби Русия ин бандҳои шартномаро вайрон кардааст. Ҳарчанд қонуни Русия “Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ” ба коргарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаққи гирифтани суғуртаро додааст, аммо дар бораи аъзои хонаводаи онҳо чизе гуфта нашудааст. Дар амал агар пайвандони муҳоҷирон иҷозаи иқомати муваққатӣ ё санади иқомат (ВНЖ) надошта бошанд, ба онҳо бимаи тиббӣ дода намешавад.
Соли 2023 муовини нахуствазири Қирғизистон, аз мақомоти Русия хоста буд, ба аъзои оилаи муҳоҷирони корӣ суғуртаи тиббӣ пешниҳод кунад. Аммо тирамоҳи соли гузашта, раиси Думаи давлатии Русия гуфт, барои дарёфти суғуртаи тиббӣ хориҷиён бояд “меҳнати ҳалолу кори қонунӣ доштани худро исбот кунанд”
Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ки аз ҳар як кишвари узви он додрас дорад, уҳдадор аст, ки риояи баробари созишномаҳоро назорат ва таъмин намояд.

Қирғизистон барои муҳоҷиронаш ба додгоҳ шикоят бурд
Блоки рекламавӣ


