Аз якуми июли соли 2026 дар Қирғизистон ҳар як кӯдаки то сесола ҳар моҳ кӯмакпулии давлатии”хушбахтии кӯдакона” – ро мегиранд. Фармонро президенти Қирғизистон Садир Жапаров имзо кард.
Маблағи кӯмакпулӣ 1200 сӯм ($13,7) – ро ташкил медиҳад, ки он новобаста аз сатҳи даромади оила пардохт карда мешавад.
Жапаров қайд кард, ки қарор дар бораи кӯмакпулӣ дар посух ба муроҷиатҳои зиеди шаҳрвандон қабул шудааст ва ба дастгирии оилаҳо дар давраи муҳимтарини рушди кӯдак равона шудааст.
“Маҳз дар солҳои аввали ҳаёт қобилиятҳои муҳимтарини ҷисмонӣ ва рӯҳии инсон ташаккул меёбанд, ки тамоми умр бо ӯ мемонанд. Аз ин рӯ, бо фармони имрӯза ман ба Кабинети Вазирон супориш додам, ки дастури навро таҳия кунанд. Мо медонем: ҳар як кӯдак бо худ таваллуд мешавад – бо хушбахтӣ ва баракати худ”, — шарҳ дод президент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь