Аз 13 август интернети моҳворавӣ аз ширкати Starlink расман дар Қазоқистон ба кор шурӯъ кард”- хабар додааст Tengrinews.kz. ОАО Элдик Банк ширкати Скай Мобайл (бренди Beeline Қирғизистон) – ро харидорӣ кард:
“Аз 13 августи соли 2025 ширкати Starlink расман ба пешниҳоди хидматҳои интернети моҳворавӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон шурӯъ мекунад. Ба шарофати ин, сокинони кишвар метавонанд тавассути шабакаи моҳворавии Starlink, ки ба SpaceX тааллуқ доранд, ба интернети баландсуръат ва боэътимод дастрасӣ пайдо кунанд” – гуфтааст Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати ҶҚ. Вазорат хотиррасон кардааст, ки 12 июн вазорат ва Starlink созишномаеро имзо карданд, ки ӯҳдадории ширкатро барои риояи қонунгузории Қазоқистон ҳангоми хизматрасонӣ маълум мекунад.