Шаҳрванд Миров Баҳриддин Тошевич бо тахаллуси «Ҳоҷӣ-Файз» санаи 15 феврали соли 1980 дар деҳаи Муллодавлати шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст, дар содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, тамаъҷӯӣ, бандитизм, азобу уқубат ва гаравгонгирӣ дар кофтукови расмӣ қарор дошт.
Дар натиҷаи ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектони хориҷӣ шаҳрванд Миров Баҳриддин Тошевич дар шаҳри Челябински Федератсияи Руссия дастгир карда шуда, 19-уми августи соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар муроҷиат ва хоҳиш менамояд, ки агар вобаста ба ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрванд Миров Баҳриддин Тошевич маълумот ва далеле доред ва ё мавриди амалҳои ҷинояткоронаи ӯ қарор гирифтаед, метавонед тавассути телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва тариқи рақамҳои 221-01-49, 918-72-00-00 ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД муроҷиат намоед.
Парвина Гулова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь