Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз инфиҷори баллони гази моеъ хабар дод, ки боиси ҷароҳат бардоштани як нафар шуд.
Ин ҳодиса 14-уми сентябри соли 2025, соати 10:00 дақиқа дар ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷабор Расулов рух дод.
Гуфта мешавад, ки дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Самадов Меҳроҷ, бо сабабҳои номаълум баллони гази моеъ таркидааст.
Дар натиҷа як сокини 13-солаи ин хона ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь