Ба гуфтаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раджеш Уике, ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи энергетика ба таври пайваста рушд меёбанд ва дар ин раванд ба омӯзишу баланд бардоштани иқтидори кадрҳо аҳамияти махсус дода мешавад.
Сафир таъкид намуд, ки мутахассисони тоҷик дар соҳаи энергетикаи кишвар таҷрибаи ғанӣ доранд. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба онҳо барои гузаштани барномаҳои махсуси омӯзишӣ ва такмили ихтисос ба Ҳиндустон сафар хоҳанд кард. Ин ташаббус нахустин барномаи омӯзишии махсус барои як гурӯҳи мутахассисон аз як вазорати давлатӣ ба шумор меравад, аз ин рӯ чорабинии омӯзишии пеш аз сафар аҳамияти вижа дошт.
Барнома дар доираи ташаббуси Ҳукумати Ҳиндустон — Барномаи ҳамкории техникию иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) амалӣ мегардад, ки ба омӯзиш ва рушди малакаи кадрҳо равона шудааст. Тавассути ин барнома мутахассисон аз муассисаҳои давлатӣ, соҳаҳои гуногуни фаъолият ва бахши хусусӣ мутобиқ ба ниёзҳои касбиашон ба Ҳиндустон фиристода мешаванд. Дар тӯли солҳо ин барнома дар Тоҷикистон маъруфияти васеъ пайдо кардааст.
Сафир Уике ҳамчунин зикр намуд, ки миёни Ҳиндустон ва Тоҷикистон механизми махсуси ҳамкорӣ дар бахши энергетика, аз ҷумла соҳаи неруи барқ, таъсис дода шудааст. Дар доираи он як қатор ташаббусҳои муштарак амалӣ мегарданд, ки ҳадафашон тақвияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба мебошад. Омӯзиш ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои калидии ин ҳамкорӣ ба шумор меравад.
Дар анҷом, Сафир Раджеш Уике изҳор дошт, ки дар оянда боз як қатор лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар назар дошта шудаанд. Ҳиндустон ният дорад ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон идома дода, барои расидан ба ҳадафҳои муштарак ва таҳкими шарикии дуҷониба дар бахши энергетика саҳм гузорад.
Шаҳло Содиқзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь