MarketWatch бо истинод ба таҳлили худ дар бораи пешгӯиҳои СММ менависад Ҳиндустон аз Чин пеш гузашта, ба сераҳолитарин кишвари ҷаҳон табдил ёфт.

Тибқи маълумоти созмони мустақили World Population Review, то 17 апрел дар ин кишвар 1 миллиарду 425 миллиону 937 ҳазору 441 нафар зиндагӣ мекунанд, дар ҳоле ки аҳолииЧин 1 миллиарду 425 миллиону 744 008 нафар мебошад.

MarketWatch қайд мекунад, ки Ҳиндустон на танҳо аз рӯи миқдор, балки аз рӯи таркиби аҳолӣ дорои потенсиали бузурги иқтисодӣ мебошад. Дар ин кишвар ба ҳар 100 нафар ахолии кобили кор 47 нафар ғайри қобили кор рост меояд, ки 25 сол пеш шумораи ғайри қобили корҳо 68 нафар буд. То соли 2048 ин таносуб ба 45 коҳиш ёфта, кишвар дар феҳристи кишварҳои дорои арзишҳои пасттарини ин нишондиҳанда аз 43-юм ба 23-юм мебарояд. Нашрия инро бартарии бузург барои Ҳиндустон номидааст.

Дар Чин ба ҳар 100 нафари қобили кор 45 ғайри қобили кор рост меояд (ҷойи 30-юм), аммо пас аз 25 сол ин рақам ба 68 нафар (ҷойи 146-ум) мерасад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь