Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода  Муҳаммадюсуф супориш додааст, ки хонандагони синфҳои 11-е, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” иштирок карданд, бидуни супоридани имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ ба факултетҳои филологии кишвар қабул карда шаванд. Дар ин бора ба “Фараж” муовини якуми вазири маориф Саломиён Муҳаммаддовуд хабар дод.

– Вазири маориф ва илм дирӯз супориш дод, ки тамоми хонандагони синфҳои 11-е, ки дар озмун иштирок карданд, вале ҷой нагирифтанд, бо роҳхати вазири маориф ба факултетҳои филологии донишгоҳҳои кишвар бе имтиҳон қабул карда шаванд, – гуфт Саломиён.

Ба гуфтаи ӯ ин як дастгирӣ аз ҷониби вазири маориф барои иштирокчиён мебошад. Аз ин имтиёз танҳо хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок карданд, вале соҳиби ҷойҳо нашуданд, бархурдор ҳастанд. Хонандагон метавонанд дилхоҳ донишгоҳро интихоб намоянд ва бо роҳхати вазири маориф ба факултети филологияи донишгоҳи интихобнамудаашон ба таври ройгон таҳсил намуда бошанд. Он хонандаҳое, ки дар озмун соҳиби ҷойҳои 1-ум, 2-ум ва 3-юм шуданд имкони интихоби озоди факултетро доранд. Дар ин бора муовини вазир чунин гуфт:

– Ҷойҳои 1, 2 ва 3 мувофиқи низомнома дилхоҳ ихтисосро метавонанд интихоб намоянд. Боқимонда хонандаи синфҳои 11-е, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаасту сазовори ҷой нашудааст, бе имтиҳон ба факултети филологӣ дохил мешаванд.

Сабаби ин иқдомотро Саломиён дар шавқу завқи иштирокчиён мебинад. Ӯ бар ин назар аст, ки иштирокчиён ҳадди ақал аз 50-60 то 100-то китоб хондаанд. Бинобар ин онҳо ба ҳамин кор шавқ доранд ва аз рӯи доштани шавқу ҳаваси хондан онҳо метавонанд дар факултетҳои филологӣ таҳсил кунанд.

Мувофиқи маълумоти расида дар даври аввали озмун дар умум 305 ҳазор нафар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 510 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз 510 нафар 90 нафар соҳиби ҷойҳо мегарданд. Барои гирифтани шоҳҷоиза 18 нафар довталаб интихоб мегардад, ки натиҷаи он 15-уми декабр муайян мегардад.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь