Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия иттилоъ додааст, ки намунаи имтиҳон дар сомонаи “Институти федералии ченак ва ё меъёрҳои педагогии Русия” гузошта шудааст. Ба қавли ин манбаъ, саволҳои имтиҳонҳо аз махзани пинҳонии ин институт истифода гардида, баъди муддати кӯтоҳ иваз мегарданд.
Тибқи қарори Ҳукумати Русия аз 31-уми июл тарзи имтиҳонсупории хориҷиён барои дарёфти шаҳвандӣ тағйир ёфтааст. Имтиҳони забони русӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои хориҷиён дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ ва имтиҳони таърихи Русия танҳо дар шакли хаттӣ мегузарад.
Имтиҳони забони русӣ тибқи нақша бояд навад дақиқа идома кунад ва аз 35 супориш иборат аст. Аз ҷумла, панҷ супориш барои озмоиши омодагии имтиҳонсупоранда ба муколама, шаш супориш барои шунидани суҳбат ба забони русӣ, шаш супориш барои озмоиши мизони фаҳмиши нутқи русӣ, шаш супориш барои хониши матни русии довталаби шаҳрвандӣ, ду супориши хатнависӣ ва 18 супориши боқимондаро саволҳо дар бораи грамматика ва лексика, яъне сарфу наҳви забони русӣ дар бар мегира.
Интерфакс менависад, имкон дорад, аз довталаб дархост шавад, ки муколама ҳангоми зиёрат аз шифохона ва ё ариза барои қабул ба кор навишта шавад. Ҳамчунон имкон дорад, ки супоришҳо аз хондан ва шарҳ додани эълон ва ё ҳатто навиштани даъватномаи дӯстон ба тӯйи арӯсӣ бошад.
Имтиҳони таърих пурра дар шакли хаттӣ буда, аз 18 савол дар бораи таърихи Русия ва 18 савол дар бораи Қонуни асосӣ, меъёрҳои зист ва ҳуқуқи кор, вуруди хуруҷ аз Русия ва дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ.



