Футболбози собиқи дастаи мунтахаби Руссия ва Шӯравӣ Александр Мостовой дар бораи бозии дар пешистода байни дастаҳои мунтахаби Руссия ва Эрон изҳори назар карда, қайд кард, ки русҳо зиёда аз се сол аст бо дастаҳои “нофаҳмо” бозӣ мекунанд – хабар медиҳад News.ru.
“Албатта, хуб аст, ки ин маротиба дастаи рақиб пурқувват аст. Дигар ин аст, ки дар бозиҳои мунтахаби Руссия ҳеҷ гуна фишор вуҷуд надорад. Мо се сол боз бо баъзе дастаҳои нофаҳмо бозӣ мекунем, баъзе рекордҳо мегузорем”,- гуфт Мостовой.
Бозӣ бо Эрон дар варзишгоҳи “Волгоград Арена” 10 октябр баргузор мешавад, оғози он соати 20:00 бо вақти Маскав аст.
Моҳи феврали соли 2022 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Иттиҳоди ассотсиатсияҳои Аврупо (УЕФА) дастаи мунтахаби Руссия ва дастаҳои Руссияро аз мусобиқаҳо таҳти сарпарастии худ хориҷ карданд. Ҳамин тариқ, клубҳо ҳуқуқи иштирок дар Лигаи чемпионҳо, Лигаи Аврупо, Лигаи конфронсҳоро надоранд ва дастаи мунтахаби мардона аз имконияти қувваозмоӣ дар чемпионати ҷаҳон — 2022 маҳрум карда шуданд. Ҳамчунин футболбозони Руссия дар чемпионати Аврупо — 2024 бозӣ накарданд ва ба қуръакашии чемпионати ҷаҳон-2026, ки дар ИМА, Мексика ва Канада баргузор мешавад, роҳ дода нашуданд.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь