Кормандони кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар пойтахт як қиморхонаи ғайриқонуниро ошкор карданд.
Ба иттилои мақомот, онро шаҳрванди як ҳамсоякишвар роҳандозӣ карда, дар бино ба ғайр аз мизҳои қимор мошинҳои сершумори бозӣ низ насб кардааст.
Ташкилкунанда ва чанд нафари дигар боздошт шуда, нисбати онҳо бар асоси моддаи 240-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Блоки рекламавӣ



