Дар санади додгоҳ гуфта мешавад, ки президенти пешини ИМА Доналд Трамп бар иавази гаравпулӣ дар парвандаи мудохила ба интихобот иёлати Ҷорҷия озод мешавад.

Муайян шудааст, ки маблағи 12 айбнома ҳар кадоме даҳ ҳазор доллар аст. Дар банди дигар гаравпулӣ ба маблағи 80 000 доллар пешбинӣ шудааст. “Дар маҷмуъ, 200 ҳазор доллар”, гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Қайд карда мешавад, ки собиқ сарвари давлат метавонад бо пули нақд ва ё ба тариқи кафолат гаврапулиро супорад. Илова бар ин, ҳоло ҳам интизоранд, ки сиёсатмадор дар додгоҳ ҳозир мешавад, чун қаблан мувофиқа шуда буд.

Рӯзи сешанбеи гузашта хабар дода шуд, ки Трамп аз ҷониби ҳакамони аршади Ҷорҷия ба иттиҳоми кӯшиши таъсир расонидан ба натиҷаҳои интихоботи соли 2020 айбдор мешавад. Аз ҷумла, 13 модда, аз қабили нақзи қонун дар бораи мубориза бо дуздӣ ва фасод, даъват ба нақзи савганди корманди давлатӣ, тавтеа барои ҷаъл, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои бардурӯғ ва ғайра.

Ба ҷуз аз худи Трамп, алайҳи вакили пешини ӯ Руди Ҷулианӣ ва ёвари собиқи ӯ, корманди собиқи Кохи Сафед Марк Медоус низ айбнома эълон шудааст. Дар маҷмуъ, муттаҳамон дар ин парванда 19 нафар ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь