15-уми апрели соли 2021, президенти ИМА Ҷо Байден фармонеро имзо кард, ки гардиши амволи баъзе шаҳрвандони Русия ва шахсони ҳуқуқии ин кишварро дар Иёлоти Муттаҳида манъ мекунад. Дар ин бора “Садои Амрико” хабар дод.

Ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавриди таҳрим қарор мегиранд:

– бахшҳои иқтисоди Русия, ки дар соҳаҳои технологӣ, низомӣ ва марбут ба он амал мекарданд, ё мекунанд

– Бахшҳо, ё нафароне, ки ба манфиати ҳукумати Федератсияи Русия дар соҳаҳои амалҳои кибернетикии бадхоҳона; дахолат ба интихобот дар Иёлоти Муттаҳида ё иёлоти дигар; амалҳое, ки ба равандҳо ё муассисаҳои демократӣ дар Иёлоти Муттаҳида ё дар хориҷа таъсири манфӣ мерасонанд; коррупсияи байналмилалӣ; куштан ё захмӣ кардани шаҳрвандони ИМА ё шаҳрвандони иттифоқчиён ва шарикони ИМА; амалҳое, ки ба амният, суботи сиёсӣ ё тамомияти арзии Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидону шарикони он таъсири манфӣ мерасонанд; давр задани таҳримҳои ИМА амал мекарданд ва мекунанд.

Дар рӯйхати таҳримҳо метавонанд мансабдорон баландпояе бошанд, ки:

– дар ҳукумати Федератсияи Русия, мақомоти давлатӣ ё дигар сохторҳо кор мекунанд;

– дар сохторҳое, ки ба фаъолиятҳои дар боло зикршуда ҷалб карда шудаанд

– дар сохторҳое, ки мустақиман ё ғайримустақим аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия назорат ё идора карда мешаванд

Ғайр аз ин, ҳамсар ё фарзандони болиғи шахсоне, ки ба рӯйхати таҳримҳо шомиланд, низ таҳрим хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь