Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025 тими “Ал-Завра”-и Ироқро қабул менамояд.
Ин бозии гурӯҳи “D” 22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад ва соати 18:45 оғоз мешавад.
Дар арафаи бозӣ муқобили “Ал-Завра” Игор Черевченко, сармураббии “Истиқлол”, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт:”Умедворем, ки бозӣ хуб ва пуршиддат мегузарад, аммо вазнин мешавад. Имтиёзҳо ҳам барои мо ҳам барои рақибамон зарур аст. Дар ҳайати “Ал-Завра” бозингарони моҳир ҳастанд, ки бархе аз онҳо дар тими миллии Ироқ бозӣ мекунанд. Мо бозиҳои рақибро тамошо ва таҳлил кардем. Муқобили “Ал-Завра” танҳо барои пирӯзӣ бозӣ мекунем. Пеш аз ин бозӣ сармураббии “Ал-Завра” иваз шуд, ки ин ба нафъи мо нест, зеро ҳар як мураббӣ услуби хоси кори худро дорад ва онро ба шогирдонаш талқин мекунад.”
Нархи билет барои тамошои бозии “Истиқлол” ва “Ал-Завра” дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барои минбари ғарбӣ 50 сомонӣ ва барои се минбари дигар (шимолу шарқ ва ҷануб) 20 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь