10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилиро бо маҷмуи бинову иншооти хизматӣ ифтитоҳ намуданд.
Боздиди Роҳбари давлат аз бинои шуъбаи махсуси зудамали ин қисми ҳарбӣ бо вохурӣ бо ҳайати шахсии ин ниҳод оғоз ёфт.
Дар ҳамин мавзеъ барои ташкили фаъолияти хизматии кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбӣ бинои дуошёна сохта шудааст, ки он аз хобгоҳ, ҳуҷраҳои кориву санитарӣ, ҳуҷраи нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Бино бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар он барои ҳайати шахсӣ ва кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ шароити хуби корӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шудааст.
Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилӣ ва маҷмуи иншооти таъйиноти хизмативу маишӣ бо супориши Президенти кишвар ҷиҳати рақамикунонии соҳа, омӯзиш ва омодасозии кадрҳои ҷавони самти технологияи рақамӣ дар муҳлати 5 моҳ сохта шудааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо шароити бинову иншооти дигари навсохт шинос шуданд.
Ин мавзеъ барои пешбурди фаъолият ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамзамон бинои дуошёнаи маъмурӣ, бинои таълимӣ, бошишгоҳи нигоҳдории техника, истгоҳи мошинҳо, толори варзишӣ, ошхона, ҳаммоми замонавӣ, майдончаҳои футболи хурд ва валейбол, ҳавзи шиноварии тобистона, комплекси машқҳои атлетикӣ, бинои озмоишгоҳи махсус, майдони сафороӣ ва хатти монеаҳои махсус барои машқу тамрин бунёд шудааст, ки ҳамаи он бо таҷҳизоту лавозимот ва инфрасохтори зарурӣ таъмин мебошад. Ҳамаи бинову иншооти навсохти қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст аст.

Ифтитоҳи Маркази инноватсионии ВКД ҶТ
Блоки рекламавӣ


