10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, ҳамчунин, ба таври фосилавӣ биноҳои нави истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ва ду бинои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани 3 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд 240 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили нави истиқоматӣ таъмин шуданд.
Бинои нави истиқоматӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт бо тарҳи муосир сохта шуда, аз 5 ошёна ва 32 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ иборат аст.
Иншооти дуюми истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо риояи қоидаҳои меъмориву шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст, ки дар он барои зист ва истироҳати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шароити хуб фароҳам шудааст. Бино аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таъмини 128 корманди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо манзили нави зист пешбинӣ гардидааст.
Бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар кӯчаи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуд, аз 10 ошёна ва 80 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад.
Корҳои сохтмониро дар ҳар се бинои нав дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд кормандону мутахассисони Раёсати сохтмони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ба анҷом расонидаанд.
Биноҳои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи якхела сохта шудаанд, дорои ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисӣ, хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон мебошанд.
Ҳамчунин биноҳои навсохти Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияҳои болозикр бо таваққуфгоҳ ва дастгоҳу таҷҳизоти лозимаи техникӣ таъмин буда, дар маҷмуъ дар онҳо барои пешбурди фаъолияти кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Ифтитоҳи фосилавии биноҳои истиқоматӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд
Блоки рекламавӣ


