Ифтитоҳи чанд коргоҳу муассиса аз ҷониби Президент дар Панҷакент
11-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз шаҳри Панҷакент дидан карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфарро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи навбунёд сеошёна буда, барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 300 кӯдак бунёд гардидааст.
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ карданд. Иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи минтақавӣ бо ҳадафи амалисозии сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат барои беҳсозии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст ва имкон дорад, ки ба 25 ҳазор аҳолии деҳоти Лоиқ Шералӣ, 4 деҳоти гирду атроф, сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ низ хизмат расонад.
Сипас, дар шаҳри Панҷакент муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 115 ба кор шуруъ кард. Ин иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 36 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шудаанд. Бинои таълимӣ дорои 21 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 63 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст.
Дар идома, дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шифери ҶДММ Салмон-Бинокор мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳодур Насриддинзода сохта шуда, дар он 30 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро ба деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварданд. Гармхона аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов бунёд шуда, масоҳати он як гектарро ташкил намуда, дар он помидору қаламфури булғорӣ, қулфинай, лимӯ, гулкарам, бодиринг ва дигар навъи сабзавот бо шакли муосир кишту парвариш карда мешавад.
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Панҷакент идома дорад.