Баъди эълони ҳалокати раҳбари олии Эрон, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ табодули зарбаҳо байни Эрон ва Исроил идома меёбад. Неруҳои Эрон ҳамчунин ба баъзе аз кишварҳои арабӣ, ба пойгоҳҳои Амрико зарба заданд.
Якуми март хабари наве аз зарбаҳои ИМА нашр нашудааст, аммо президент Доналд Трамп гуфт, агар Эрон ҳамлаҳои худро зиёд кунад, Вашингтон бо қувваи бештаре посух медиҳад.
Пештар Трамп ба давомдор будани ҷанг ишора карда буд ва Исроил низ гуфтааст, нақшаи худро барои муддати дароз омода кардааст.
Дар ҳамин ҳол як гуруҳ аз донишҷӯёни “Созмони донишҷӯёни имомия” (ISO), ки ба як ҳизби шиъа дар Покистон тааллуқ дорад, рӯзи якуми март ба консулгарии Амрико дар шаҳри Карочӣ ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса то 9 нафар ҳалок шудааст. Аз тирпаронӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва донишҷӯёни “Созмони донишҷӯёни имомия” гузориш шудааст.
Ҳамчунин расонаҳо аз муноқиша дар назди Сафорати Амрико дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ хабар доданд.
Ба гузориши артиши Исроил, давоми 24 соати ахир аллакай бори бистум аст, ки миллионҳо шаҳрванди ин кишвар баъди ҳамлаи паҳподии Эрон ба паноҳгоҳҳо мешитобанд. Расонаҳои Эрон аз таркиши чандин мушаки ин кишвар бо убур аз сипари ҳавоӣ хабар доданд.
Дар шаҳри Дубай ва пойтахти Қатар рӯзи дуюм аст, ки садои таркиши баланд садо медиҳад. Расонаҳои давлатии Эрон ҳамчунин аз партоби мушак ва паҳпод ба сӯи пойгоҳҳои Амрико хабар доданд.
Баъди кушта шудани раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ мақомоти Эрон аз таъсиси шӯрои муваққати роҳбарӣ гуфтанд. Ба ин шӯрои муваққатӣ раиси ҷумҳур Масъуди Пизишкиён, раиси додгоҳи олӣ Муҳсин Эҷаӣ ва руҳонӣ Оятуллоҳ Алиризо Аърофӣ шомил шудаанд. Ин шӯро муваққатан вазифаҳои роҳбариро иҷро мекунанд. Лаҳзае пеш хабар дода шуд, ки иҷрои вазифаҳои Хоманаӣ бар дӯши Оятуллоҳ Аърофӣ гузошта шудааст.

Идомаи зарбаҳои Эрон
Блоки рекламавӣ


