Имрӯз, 18-уми апрел, дар ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди Рамазон маълум шуд.
Дар хабари маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» гуфта мешавад, ки дар оғози ҷаласа раиси Шурои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шуроро ба муносибати фарорасии Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт. Сипас, раиси Шурои уламо қайд кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 21-уми апрел рост меояд.
Ичунин, тибқи қарори Шурои уламо вақти баргузории намози Иди Рамазон соати 6-30 дақиқа муайян карда шудааст.
Блоки рекламавӣ



